- сурат
- [صورت]а1. шакл, намуд; намуди зоҳирӣ, қиёфа; сурат гирифтан ба амал омадан, ба вуқуъ пайвастан2. тавр, тарз; ба сурати… а) ба шакли…ба намуди…, ба ҳоли…; б) ба таври…; дар сурати… дар мавриди…; ба вақти…, дар ҳолати…; дар ҳар сурат ба ҳар ҳол, чи тавре ки набошад…; дар ин (он) сурат дар ин (он) маврид, ин (он) тавр ки бошад3. рӯй, чеҳра; сару сурат сару рӯй, афту башара4. тасвир, расм; сурати девор маҷ. чизи беҷон, маҳрум аз рафтор ва ҷунбиш; сурат кашидан расм-нақши чизеро ба рӯи коғаз овардан; сурат бастан нақш ёфтан, ба тасаввур даромадан5. чигунагӣ, вазъ, кайфият; сурати воқеа (ҳол) тафсили воқеа, чигунагии воқеа6. риёз. дар касри одӣ рақаме, ки болои хатча навишта мешавад (мас., дар 2 ду сурат ва 5 махраҷ аст)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.